Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) доварону нозирон ва комиссарҳои ду бозии мунтахаби Тоҷикистонро дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» бо тими миллии Урдун (11 июн, Душанбе) ва мунтахаби Бангладеш (16 июн, Дакка) эълон кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар бозии нахустинашро муқобили тими Урдун 11 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе анҷом медиҳад. Ба ин бозӣ, ки соати20.00 шурӯъ мешавад, гурӯҳи доварон аз Эрон бо раҳбарии довари ФИФА Мӯҳсин Торкии 41-сола хидмат мерасонад.
Дар бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими миллии Бангладеш, ки 16 июн дар шаҳри Дакка баргузор мешавад, Ли Мин Хуи 36-сола аз Кореяи ҷанубӣ сардовар таъин шудааст.
Ҷоми ҷаҳон-2018. Даври дувуми интихобӣ. Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
11 июн (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 20.00
Тоҷикистон – Урдун
Сардовар: Мӯҳсин Торкӣ (Эрон).
Ёваронаш: Муҳаммадризо Абулфазлӣ, Саид Алинезҳодиён (ҳарду аз Эрон).
Довари эҳтиётӣ: Ҳасан Акрамӣ (Эрон).
Нозири доварон: Кадҳум Ауда Лазим (Ироқ).
Комиссари бозӣ: Алӣ Ҷебрил (Фаластин).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Даври 2-юм
16 июн (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 15.00
Бангладеш – Тоҷикистон
Сардовар: Ли Мин Ху (Кореяи ҷанубӣ).
Ёваронаш: Банг Ҷеол (Кореяи ҷанубӣ), Паллия Гуруҷ Прянга Намал (Шри-Ланка).
Довари эҳтиётӣ: Понхен Хадиги Ашантха Прядхашана Диас (Шри-Ланка).
Нозири доварон: Ёқуб Муҳаммад Ҷумъа Аҳмад (ИМА).
Комиссари бозӣ: Чен Ионглианг (Чин).
Дакка, Варзишгоҳи миллии Бангабандху