Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи нахустин даври сабқати лигаи аввали Тоҷикистон


​Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки дар он 13 даста ширкат мекунад, рӯзи 1 май оғоз ёфт.

Дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки 13 даста ширкат меварзад, рӯзи ҷумъаи 1 май шурӯъ шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар нахустин даври мусобиқа дастаи нави лигаи аввал - «Помир»-и Душанбе, ки аз ҳисоби бозигарони мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ташкил ёфтааст, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар аз тими «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.

Дар бозиҳои дигар «Ҳосилот»-и Фархор дар сафар бар МТО (Маркази тайёрии олимпӣ)-и Хуҷанд бо ҳисоби 4:2, «Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар «Локомотив»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0, «Исфара»-и Исфара дар меҳмонӣ бар «Канд»-и Конибодом бо ҳисоби 1:0, «Панҷшер»-и Румӣ бар дастаи меҳмон - «Зарафшон»-и Панҷакент ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бар «Чашма»-и Шаҳритус бо ҳисоби якхелаи 2:0 пирӯз шуданд. «Эсхата»-и Хуҷанд аз бозии даври аввал озод буд.

Бозиҳои даври дувуми сабқати лигаи аввали Тоҷикистон рӯзҳои истироҳати оянда - 9-10 май - баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 1-ум

МТО - «Ҳосилот» - 2:4
«Саройкамар» - «Локомотив» - 3:0
«Канд» - «Исфара» - 0:1
«Помир» - «Ҳулбук» - 0:1
«Панҷшер» - «Зарафшон» - 2:0
«Кӯктош» - «Чашма» - 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Саройкамар» (Панҷ)

1

1

0

0

3-0

3

2

«Ҳосилот» (Фархор)

1

1

0

0

4-2

3

3

«Панҷшер» (Румӣ)

1

1

0

0

2-0

3

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

1

0

0

2-0

3

5

«Исфара» (Исфара)

1

1

0

0

1-0

3

6

«Ҳулбук» (Восеъ)

1

1

0

0

1-0

3

7

«Помир» (Душанбе)

1

0

0

1

0-1

0

8

«Канд» (Конибодом)

1

0

0

1

0-1

0

9

МТО (Хуҷанд)

1

0

0

1

2-4

0

10

«Зарафшон» (Панҷакент)

1

0

0

1

0-2

0

11

«Чашма» (Шаҳритус)

1

0

0

1

0-2

0

12

«Локомотив» (Душанбе)

1

0

0

1

0-3

0

13

«Эсхата» (Хуҷанд)

0

0

0

0

0-0

0

Даври 2-юм:
9 май (шанбе)

Оғози бозиҳо - соати 17:00
«Зарафшон» — «Кӯктош»
«Ҳулбук» — «Панҷшер»
«Канд» — «Помир»

10 май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Локомотив» — «Исфара»
«Ҳосилот» — «Саройкамар»
«Эсхата» — МТО

XS
SM
MD
LG