Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Истиқлол” бо “Эрбил” дар Қатар (ВИДЕО)


«Истиқлол»-и Душанбе бозии даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро дар Қатар бо “Эрбил”-и Ироқ бо ҳисоби 0-0 анҷом дод.

Бозии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 дар гурӯҳи “С” шаби 29 апрел дар пойтахти Қатар – Доҳабо тими “Эрбил”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми AFC-2014 , бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи "Сауд бин Абдулраҳмон Ал-Тани", ки ғунҷоишаш 12 ҳазор тамошобин аст, барпо гардид. Ҳаво 33 дараҷа гарм буд.

“Истиқлол”бо чунин ҳайат бозӣ кард: 1. Никола Стошич. 2. СиёвушАсроров. 8. НуриддинДавронов. 9. ХуршедМаҳмудов (19.Ахтам Назаров,63). 10.Бледа Родригес (7.Умедҷон Шарифов, 80). 11. ҶаҳонгирҶалилов. 15. Петро Ковалчук. 17. ДилшодВосиев (39.ПарвизҷонУмарбоев, 89). 18. Фатҳулло Фатҳуллоев. 22. МаҳдӣЧоҳҷӯӣ. 63. МанучеҳрҶалилов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Сардовар: Масъуд Туфайлӣ, ёваронаш: ЗакариёҚанат, Алӣ Аҳмад. Довари эҳтиётӣ: ФерасТавил (ҳарчор аз Сурия), нозири доварон: Масъуд Ҳасаналӣ Муродӣ (Эрон). Комиссари бозӣ: Ҷаясурия Де Силва (Шри-Ланка).

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 25 феврал дар Душанбе аз тими Эрбил”-и Ироқ бо ҳисоби 1-3 мағлуб шуда буд.

Дар бозии дигари даври панҷуми сабқати гурӯҳи “С” рӯзи чоршанбеи 29-уми апрел «Аҳал»-и Туркманистон дар майдони худ аз «Ал-Қодсия»-и Кувайт бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.

Баъди натиҷагирии панҷ даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” “Ал-Қодсия” бо 10 имтиёз ((таносуби тӯбҳояш - 6-4) пешсаф аст. “Истиқлол” бо 8 имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 7-6) дар ҷойи дуюм ва“Аҳал” бо 6 имтиёз (5-9) дар ҷои сеюм қарор доранд. “Эрбил” бо 4 имтиёз (6-7) дар ҷойи охирин – чорум- мебошад.

Ба ин тартиб, “Ал-Қодсия”, барандаи Ҷоми AFC-2014, пешакӣ ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Кувайтиҳо, ки дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ дар майдони худ бо «Эрбил» бозӣ мекунанд, барои ҷойи аввал дар гурӯҳи “С”мубориза мебаранд. Вале “Эрбил” сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои даври охирин аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Барои роҳхати дувум ба даври ҳаштякниҳоӣ “Истиқлол” ва “Аҳал” талош мекунанд. Бозии даври шашум байни футболбозони тоҷику туркман рӯзи чоршанбеи 13-уми май дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки ба "Истиқлол" барои ба ҳаштякфинал баромадан натиҷаи мусовӣ басанда аст. Бозии аввал байни ин дастаҳо дар Ашқобод бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расида буд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1-3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) – 2-0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) - 2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)-2-0

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) -2-3

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)– 0-0

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)– 0-1

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

XS
SM
MD
LG