Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси AFC дар Баҳрайн


​Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар Конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ширкат хоҳанд кард.

Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё, ки рӯзи панҷшанбеи 30-юми апрел дар пойтахти Баҳрайн – Манама баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар ин Конгресс намояндагони ҳамаи федератсияҳои миллии футболи қораи Осиё иштирок мекунанд.

Ба ҳайати Тоҷикистон Хуршед Мирзоев, ноиби аввали президенти ФФТ, Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ ва Дилшод Ҷӯраев, узви кумитаи иҷроияи ФФТ ва раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе, дохиланд.

Дар рӯзномаи Конгресс дар Манама масоили асосӣ интихоботипрезиденти AFC, аъзои кумитаи иҷроияи AFC ва FIFA мебошад.

Бояд гуфт, ки Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн, ки аз соли 2013 раҳбарии Конфедератсияи футболи Осиёро ба зимма дорад, ягона номзад ба вазифаи президенти AFC мебошад.

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати ниҳоии номзадҳоро ба вазифаҳои мухталиф эълон кард:

Номзад ба вазифаи президенти AFC ва ноиби президенти FIFA

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал Халифа (Баҳрайн)

Номзадҳо ба аъзогии Кумитаи иҷроияи FIFA

Шоҳзода Абдулло Ал Ҳаҷ ибн Султон Аҳмадшоҳ (Малайзия, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Ворави Макуди (Тайланд, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Монг Гю Чунг (Кореяи Ҷанубӣ, Минтақаи Шарқ)

Козо Ташима (Ҷопон, Минтақаи Шарқ)

Сауд Азиз Ал Муҳаммадӣ (Қатар, Минтақаи Шарқ)

Шайх Аҳмад Фаҳад Ал Аҳмад Ал Сабоҳ (Кувайт, Минтақаи Шарқ)

Саид Халид Ҳамид Ҳамуд Ал Бусаидӣ (Умон, Минтақаи Ғарб)

Номзадҳо ба вазифаи ноиби президенти AFC (якнафарӣ аз ҳар як минтақа)

Уинстон Ли Бун Аун (Сингапур, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Жанг Жилонг (Чин, Минтақаи Шарқ)

Али Кафашян Нейни (Эрон, Минтақаи Марказӣ)

Сауд Азиз Ал Муҳаннадӣ (Қатар, Минтақаи Ғарб)

Махдум Саид Файсал Солеҳ Ҳаят (Покистон, Минтақаи Шарқ)

Прафулт Манохарбхай Пател (Ҳиндустон, Минтақаи Ҷануб)

Занон – номзадҳо ба аъзогии Кумитаи иҷроияи AFC (якнафарӣ аз ҳар як минтақа)

Моя Додд (Австралия, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Хан Ун Гйонг (Кореяи Шимолӣ, Минтақаи Шарқ)

Зӯҳро Меҳдӣ (Афғонистон, Минтақаи Марказӣ)

Сюзан А. Шалабӣ (Фаластин, Минтақаи Ғарб)

Маҳфуза Ахтар Кирон (Бангладеш, Минтақаи Шарқ)

Номзадҳо ба аъзогии Кумиҷроияи AFC

Зау Зау (Мянмар, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Вифет Сихачакр (Лаос, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Франсиско Калбуади Лай (Тимори Шарқӣ, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Доктор Тран Куок Туан (Ветнам, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Мариано Аранета (Филиппин, Минтақаи Ҷанубу Шарқ)

Ричард Кинг Лаи (Гуам, Минтақаи Шарқ)

Монг Гю Чунг (Кореяи Ҷанубӣ, Минтақаи Шарқ)

Козо Ташима (Ҷопон, Минтақаи Шарқ)

Сардор Раҳматуллоев (Узбакистон, Минтақаи Марказӣ)

Хачем Саид Алӣ Ҳайдар (Лубнон, Минтақаи Ғарб)

Сайид Халид Ҳамид Ҳамуд Ал Бусаидӣ (Умон, Минтақаи Ғарб)

Муҳаммад Халфан Матар Саид Ал Ромаитӣ (ИМА, Минтақаи Ғарб)

Аҳмад Ҳайит Ҳарбӣ (Арабистони Саудӣ, Минтақаи Ғарб)

Варнакуласурия Ранҷит Родриго (Шри-Ланка, Минтақаи Ҷануб)

Махдум Саид Файсал Солеҳ Ҳаят (Покистон, Минтақаи Ҷануб)

Муҳаммад Шавуд (Молдив, Минтақаи Ҷануб)

Южен Сечап (Бутан, Минтақаи Ҷануб)

XS
SM
MD
LG