Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни наврасону навҷавонон барои Ҷоми Шварсвалд дар Олмон се медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни наврасону навҷавонон барои Ҷоми Шварсвалд (Cup Black Forest), ки дар шаҳри Филлинген-Швеннингени Олмон баргузор шуд, бо се медал – як тилло ва ду биринҷӣ - баргаштанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи бокси Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, муштзани тоҷик Меҳроб Ҳомидов дар рақобатҳо дар вазни то 44 кило байни наврасони зери 15-сола мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Ашӯралии Нурмуҳаммад дар вазни то 60 кило байни наврасони зери 17-сола ва Муҳаммад Раҳимов дар вазни то 33 кило байни наврасони зери 13-сола барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар чаҳор гурӯҳ (13, 15, 17 ва 19-сола) сурат гирифт, дар баробари варзишгарони бисёр кишварҳои аврупоӣ, қораи Осиёро танҳо мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии мураббӣ Ҷамшед Раҳимов намояндагӣ кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG