Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии гуштигирони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо


Варзишгарони тоҷик дар марҳилаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Санкт-Петербурги Русия ноком шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар марҳилаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонон, ки рӯзҳои 18-19 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо ширкати 298 гуштигир аз 19 кишвар баргузор шуд, шикаст хӯрданд. Дар ин мусобиқа 243 варзишгар аз 16 кишвари қораи Аврупо ва 55 нафар аз се кишвари қораи Осиё – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷопон – ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар (8 писару 1 духтар) намояндагӣ карданд. Вале, мутаассифона, ҳамаи гуштигирони ҷавони тоҷик - Комрон Мамадназаров (-60 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-66 кг), Таҳмурас Норов (-81 кг), Ҳамдам Ҳамдамов(-81 кг), Шакармамад Мирмамадов (-90 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-9 кг), Санавбар Шанбиев (-100 кг), Темур Раҳимов (-100 кг) ва Шукрона Қарчиева (-48 кг) - дар ин мусобиқа дар нахустин қувваозмоиҳо аз рақибонашон мағлуб шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 6 медали тилло, 5 нуқра ва 18 биринҷӣ ҷои аввалро гирифт. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон (4-2-5) дувум ва Ҳолланд (3-1-0) севум шуданд.

Ғолибони мусобиқа:

Навҷавонон

55 кг
ГУРБАНЛӢ Натиг (Озарбойҷон)
60 кг
1. НАГАЯМА Рюҷӣ (Ҷопон)
66 кг
1. ГЕЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
73 кг
1. КОДЗОЕВ Мӯсо (Русия)
81 кг
1. ОГАТА Тошимаса (Ҷопон)
90 кг
1. ИГОЛНИКОВ Михаил (Русия)
100 кг
1. ИКОЕВ Сослан (Русия)

+100 кг
1. ШАҲБОЗОВ Руслан (Русия)

Духтарон

44 кг
1. ГЕРСЖЕС Амбер (Ҳолланд)
48 кг
1. КОРЧЕР Сефора (Фаронса)
52 кг
1. МАЕДА Чишима (Ҷопон)
57 кг
1. КАРТХАУЗ Дэви (Ҳолланд)
63 кг
1. ҶИГАРОС Диана (Русия)
70 кг
1. ВАН ДАЙК Санни (Ҳолланд)
78 кг
1. СУЗУКИ Иори (Ҷопон)
+78 кг
1. ГУШИНА Анна (Русия)

XS
SM
MD
LG