Бар асоси қуръакашии даври дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки 14 апрел дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор шуд, мунтахаби футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.
Марҳилаи интихобӣ барои мунтахаби Тоҷикистон 11 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо бозӣ муқобили тими миллии Урдун шурӯъ мешавад. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ 29 марти соли 2016 бо тими миллии Қирғизистон дар Душанбе барпо мегардад.
Натоиҷи қуръакашии даври дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018:
Гурӯҳи «А»: Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Фаластин, Тимори Шарқӣ, Малайзия.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Тоҷикистон, Қирғизистон, Бангладеш.
Гурӯҳи «C»: Чин, Қатар, Молдив, Бутан, Ҳонконг.
Гурӯҳи «D»: Эрон, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Гуам.
Гурӯҳи «E»: Ҷопон, Сурия, Афғонистон, Сингапур, Камбоҷа.
Гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Тайланд, Индонезия, Тайван.
Гурӯҳи «G»: Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Лубнон, Мянмар, Лаос.
Гурӯҳи «H»: Узбакистон, Баҳрайн, Филиппин, Кореяи Шимолӣ, Яман.
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
11 июн (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Урдун
Бангладеш – Қирғизистон
Даври 2-юм
16 июн (сешанбе)
Бангладеш – Тоҷикистон
Қирғизистон – Австралия
Даври 3-юм
3 сентябр (панҷшанбе)
Австралия – Бангладеш
Урдун – Қирғизистон
Даври 4-ум
8 сентябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Австралия
Бангладеш – Урдун
Даври 5-ум
8 октябр (панҷшанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
Урдун – Австралия
Даври 6-ум
13 октябр (сешанбе)
Урдун – Тоҷикистон
Қирғизистон – Бангладеш
Даври 7-ум
12 ноябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Бангладеш
Австралия – Қирғизистон
Даври 8-ум
17 ноябр (сешанбе)
Бангладеш – Австралия
Қирғизистон – Урдун
Даври 9-ум
24 марти соли 2016 (панҷшанбе)
Австралия – Тоҷикистон
Урдун – Бангладеш
Даври 10-ум
29 марти соли 2016 (сешанбе)
Тоҷикистон – Қирғизистон
Австралия – Урдун