Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2018 маълум шуданд


Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш дар як гурӯҳ бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси қуръакашии даври дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки имрӯз, 14 апрел, дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор шуд, мунтахаби футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳилаи дуюми интихобӣ барои мунтахаби Тоҷикистон 11 июни соли равон дар Душанбе бо бозӣ муқобили мунтахаби Урдун шурӯъ мешавад.

Натоиҷи қуръакашии даври дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018:

Гурӯҳи «А»: ИМА, Арабистони Саудӣ, Фаластин, Тимори Шарқӣ, Малайзия

Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Тоҷикистон, Қирғизистон, Бангладеш.

Гурӯҳи «C»: Чин, Қатар, Молдив, Бутан, Ҳонконг.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Гуам.

Гурӯҳи «E»: Ҷопон, Сурия, Афғонистон, Сингапур, Камбоҷа.

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Тайланд, Индонезия, Тайван.

Гурӯҳи «G»: Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Лубнон, Мянмар, Лаос.

Гурӯҳи «H»: Узбакистон, Баҳрайн, Филиппин, Кореяи Шимолӣ, Яман.

XS
SM
MD
LG