Се бозии боқимондаи мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шоми шанбеи 11-уми апрел ба поён расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, комиссиюни санҷиши иншоотҳои варзишии ФФТ ба иллати вазъи бади майдони футболи варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат, баргузории бозии даври якуми мусобиқаро байни дастаҳои «Хайр» ва ССКА «Помир»-и Душанбе иҷоза надод. Аз ин рӯ ин бозӣ дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, доир шуд ва бо пирӯзии “Хайр” бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт. Ҳарду голро Андох Наполеон, легионери африқоӣ аз Гана, ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Тӯбро Мухаммадҷони Ҳасан ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.
Бозии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо дастаи меҳмон – “Равшан”-и Кӯлоб – бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид. Ду голи “Равшан”-ро Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ ва Сайидамири Сайидаҳтам, ду голи “Регар-ТадАЗ”-ро Комрон Турсунов ва Нозим Бобоҷонов заданд.
Ёдовар мешавем, мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 9-уми апрел бо бозӣ байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз ёфта буд. Ин бозӣ, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.
Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 69-ум бо зарбаи сахту ногаҳонӣ берун аз ҷаримагоҳи меҳмонон дарвозабони “Хуҷанд” Валерий Кошуба, легионер аз Қирғизистонро, маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Дарвоқеъ, ин аввалин голи чемпионати Тоҷикистон – 2015 мебошад.
Тӯби дувумро баъди зарбаи Зиёвуддин Фузайлов капитани "Хуҷанд" Соҳиб Ҳакимов дар дақиқаи 90+1 бо сар ба дарвозаи дастааш зад. Зимнан, ин аввалин автогол дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар ба шумор меравад.
Дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва "Барқи тоҷик" (Душанбе) аз бозии даври аввал озод буданд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар ҷадвали мусобиқа се даста – “Истиқлол”, “Хайр” ва “Вахш” - бо сеимтиёзӣ пешсафанд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«ИСТИҚЛОЛ» – «ХУҶАНД» – 2:0
Голҳо: Нуриддин Давронов, 69 (2:0). Соҳиб Ҳакимов, 90+1 – ба дарвозаи худ (2:0).
«ВАХШ» – «ПАРВОЗ» – 1:0
Гол: Муҳаммадҷони Ҳасан, 50.
«ХАЙР» – ССКА «ПОМИР» – 2:0
Голҳо: Наполеон Андох, 71 (1:0). Наполеон Андох, 75 (2:0).
«РЕГАР-ТАДАЗ» – «РАВШАН» – 2:2
Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 7 (0:1). Комрон Турсунов, 31 (1:1). Нозим Бобоҷонов, 41 (2:1). Сайидамири Сайидаҳтам, 49 (2:2).
Аз бозӣ хориҷ шуд: Музаффар Сироҷиддинов («Регар-ТадАЗ»), 89.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи имсола ба тарзи нав баргузор шудааст. Барои аввалин бор мусобиқаи лигаи олӣ бо ширкати 10 даста дар се давра барпо мегардад. Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон то рӯзи 22-юми ноябр идома хоҳад кард.
Натоиҷи бозиҳои даври 1-ум
9 апрел (панҷшанбе)
«Истиқлол» – «Хуҷанд» - 2-0
11 апрел (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» - 2-2
«Хайр» – ССКА «Помир» -2-0
«Вахш» – «Парвоз» - 1-0
Бозиҳои даври 2-юм
14 апрел (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Парвоз» – «Хуҷанд»
ССКА «Помир» – «Вахш»
«Равшан» – «Хайр»
«Далерон-Ӯротеппа» – «Регар-ТадАЗ»