Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 9-уми апрел, бо бозӣ байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз ёфт. Ин бозӣ, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.
Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, бо зарбаи сахту ногаҳонӣ берун аз ҷаримагоҳи меҳмонон дарвозабони “Хуҷанд” Валерий Кошуба, легионер аз Қирғизистонро, маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Дарвоқеъ, ин аввалин голи чемпионати Тоҷикистон – 2015 мебошад.
Тӯби дувумро баъди зарбаи Зиёвуддин Фузайлов капитани "Хуҷанд" Соҳиб Ҳакимов дар дақиқаи 90+1 бо сар ба дарвозаи дастааш зад (автогол).
Ҳайатҳои дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд:
"Истиқлол" (Душанбе): 1. Никола Стошич. 2. Сиёвуш Асроров. 15. Петро Ковалчук (22. Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 46). 19. Аҳтам Назаров. 4. Эраҷ Раҷабов (17. Дилшод Восиев, 66). 8. Нуриддин Давронов. 6. Хосе Баллестер. 20. Зиёвуддин Фузайлов. 18. Фатҳулло Фатҳуллоев (9. Хуршед Маҳмудов, 84). 10. Бледа Родригес. 63. Манучеҳр Ҷалилов.
Сармураббӣ: Мубин Эргашев
"Хуҷанд" (Хуҷанд): 16. Валерий Кошуба. 13. Сафаралӣ Каримов. 2. Соҳиб Ҳакимов. 4. Комрони Мирзохон. 22. Манучеҳр Аҳмадов. 8. Бахтиёр Чориев. 7. Иброҳим Рабимов. 9. Ҷаҳонгир Алиев. 12. Ҳасан Рустамов (63. Вайсиддин Сафаров 84). 17. Аҳтам Ҳамроқулов (15. Дилшод Бозоров, 80). 11. Фарҳод Тоҳиров (10. Фирӯз Бобиев, 74).
Сармураббӣ: Нуъмонҷон Юсуфов
Сардовари бозӣ: Диловар Орзуев (ноҳияи Ҳисор)
Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мусобиқаи имсола ба тарзи нав баргузор шудааст. Барои аввалин бор мусобиқаи лигаи олӣ бо ширкати 9 даста дар се давра барпо мегардад. Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон то рӯзи 22-юми ноябр идома хоҳад кард.
Дастаҳои ширкаткунандаи чемпионати 24-уми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2015:
«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Хайр» (Ваҳдат)
«Вахш» (Қӯрғонтеппа)
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
«Истиқлол» (Душанбе)
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
ССКА «Помир» (Душанбе)
«Равшан» (Кӯлоб)
Даври 1-ум
9 апрел (панҷшанбе)
«Истиқлол» – «Хуҷанд» - 2-0
11 апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»
«Хайр» – ССКА «Помир»
«Вахш» – «Парвоз»