Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА ду зина поин шуд


Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА ду зина поин рафт ва бо 175 имтиёз дар мақоми 143-юм қарор дорад.

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки имрӯз, 9-уми апрел, нашр шудааст, бо 175 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ ҷойи 143-юмро касб кардааст.

Мунтахаби Олмон дар ин феҳрист мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина дар ҷойи дувум ва тими Белгия дар ҷойи севум мебошанд. Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Колумбия, Бразилия, Ҳолланд, Португалия, Уругвай, Швейтсария ва Испания дохиланд.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ ду зина поин шуд (ҷойи 22-юм). Дар ин қора Эрон дар ҷойи аввал (дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 40-ум), Ҷопон дар ҷойи дувум (50) ва Кореяи ҷанубӣ дар ҷойи севум (57) мебошанд.

Дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ бошад, Тоҷикистон дар ҷойи 13-ум буда, пеш аз Қирғизистон (153) ва Туркманистон (159) қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон моҳи март ду бозии дӯстона анҷом дод. Футболбозони тоҷик мунтахаби Молдивро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2-0 шикст доданд, вале аз тими миллии Сурия дар майдони худ бо ҳисоби 2-3 мағлуб гаштанд.

Дар мавриди қуръакашии даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки рӯзи сешанбеи 14 апрел дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор мешавад, мунтахаби миллии Тоҷикистон ба сабади севум дохил шудааст ва аниқ аст, ки бо тимҳои Афғонистон, Филиппин, Фаластин, Молдив, Тайланд, Лубнон ва Ҳиндустон дар як гурӯҳ бозӣ нахоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад. Феҳристи баъдии ФИФА 7 май нашр хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG