Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи бозомӯзии мураббиёни дзюдо дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, давраи бозомӯзии мураббиёни дзюдо ҷараён дорад, ки то рӯзи 13-уми апрел идома хоҳад кард.

Дар машғулиятҳои назариявию амалӣ 35 нафар мураббиён аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд. Ба давраи бозомӯзӣ Муҳаммад Ризо Ҳоҷӣ Юсуфзода, коршиноси байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, раҳбарӣ мекунад.

Машғулиятҳоро барои мураббиёни дзюдо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи дзюдои кишвар ва дар мувофиқа бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Федератсияи байналмилалии дзюдо аз рӯи барномаи ҳамбастагии олимпӣ ташкил кардааст.

Дар маросими ифтитоҳи давраи бозомӯзӣ Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, суханронӣ карда, ба ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ барори кор орзу намуд. Вай гуфт, ки ҳадаф аз баргузории давраи бозомӯзӣ, пеш аз ҳама, такмили ихтисос, баланд бардоштани савияи дониши мураббиёни дзюдо ва бо қоидаҳои нави ин намуд ошно кардани онҳост.

Ҷаноби Раҷабалиев афзуд, “дзюдо ҳамчун намуди олимпӣ дар Тоҷикистон хеле маъруфият пайдо кардааст. Бояд гуфт, ки баъди он ки Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин медали биринҷӣ ба даст овард, таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик ба ин намуди варзиш хеле зиёд шудааст. Ҳоло дар ҳамаи манотиқи кишвар ҳазорҳо наврасону ҷавонон ва бузургсолон ба дзюдо машғуланд. Бинобар ин, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дзюдоро ба радифи намудҳои дар кишвари мо афзалиятнок дохил кардааст”.

Гуфтугӯи хабарнигори Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо Муҳаммадризо Ҳоҷӣ Юсуфзода.
Гуфтугӯи хабарнигори Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо Муҳаммадризо Ҳоҷӣ Юсуфзода.

Дар ин маросим, инчунин Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод. Вай гуфт, мо аз паҳлавонони тоҷик, ба мисли Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, умед дорем, ки соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 мешаванд.

Муҳаммадризо Ҳоҷӣ Юсуфзода, коршиноси байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ман барои дафъаи чаҳоруме, ки дар кишвари Тоҷикистон, кишвари дӯст ва бародарамон ҳузур пайдо мекунам. Ҳадаф аз иҷро ва баргузории ин клосҳо ҳамбастагӣ ва иртиқои сатҳи ҷудои кишвари Тоҷикистон ҳаст. Ман фикр мекунам, агар баргузории ин клосҳо ҳамасола бошад, на ба ҷои ин ки ҳар се сол ё чор сол як бор, ин мураббиёне, ки дар ин клосҳо ширкат мекунанд, роҳаттар ё зудтар рушд мекунанд”.

Суҳбати муфассали хабарнигори Радиои Озодиро бо Муҳаммадризо Ҳоҷӣ Юсуфзода ин ҷо бишнавед.

Гуфтугӯ бо Муҳаммадризо Ҳоҷӣ Юсуфзода,
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG