Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми олии Тоҷикистон аз кӣ мешавад – “Истиқлол” ё “Хайр”?


Рӯзи якшанбеи 5-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат баргузор мешавад. Ин бозӣ соати 18:00 оғоз меёбад.

Бозӣ барои Ҷоми олӣ ё Cуперҷоми Тоҷикистон -2015 рӯзи якшанбеи 5-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2014 ва «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, баргузор мешавад.

Сардовари ин бозӣ Насрулло Кабиров, довари ФИФА аз Норак, ёваронаш Беҳрӯз Муртазоев аз Душанбе ва Ҳамза Шоймардонов аз ноҳияи Хуросон таъин шудаанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Аъзамҷон Бӯриев аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба зимма дорад.

Ҷоми олии Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори шашум баргузор мешавад. «Истиқлол» барандаи аввалин ва феълии ин ҷом аст. «Истиқлол» чор маротиба (солҳои 2010, 2011, 2012 ва 2014) ва «Равшан»-и Кӯлоб як маротиба (соли 2013) Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) доир шуда буд, бар дастаи «Равшан» бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва барои бори чаҳорум соҳиби ин мукофоти олӣ гардид.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон (2010-2014):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

XS
SM
MD
LG