Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алорағми пирӯзӣ, Тоҷикистон аз идомаи сабқат маҳрум шуд


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23)дар бозии даври охирини сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 мунтахаби Шри-Ланкаро бо ҳисоби 5-1 шикаст дод.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии даври охирини сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “D” бар мунтахаби Шри-Ланка (сармураббиаш Никола Кавазович, собиқ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол”-и Душанбе) бо ҳисоби бузурги 5-1 пирӯз шуд.

Ин бозӣ рӯзи 31-уми март дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 24-уми нимаи аввали бозӣ Ҷоҳар Муҳаммадд Зарван, бозигари мунтахаби Шри-Ланка, боз кард. Дар дақиқаи 37-уми бозӣ Парвизҷон Умарбоев аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд.

Нимаи дувуми дидор бо бартарии комили футболбозони тоҷик гузашт ва онҳо чор гол заданд. Голҳоро Фирӯз Раҳматов, Наврӯз Рустамов, Ҷаҳонгир Алиев ва Ҷаҳонгир Эргашев ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи “D” мунтахаби ИМА бар тими Яман бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард.

Ёдовар мешавем, футболбозони ҷавони тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев нахустин бозиашро ба тими Яман бо ҳисоби 1-2 ва бозии дувумашро ба мунтахаби ИМА бо ҳисоби 0-3 бохта буданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон, ки бо 3 имтиёз дар гурӯҳи “D” дар ҷойи севум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи дувум маҳрум гашт. Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб бо 9 имтиёз ҷойи аввал ва мунтахаби Яман бо 6 имтиёз ҷойи дувумро касб карда, ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

Аз гурӯҳҳои дигар ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ироқ («А»), Арабистони Саудӣ, Эрон («С»), Сурия («Е»), Австралия («F»), Кореяи Шимолӣ, Тайланд («G»), Кореяи Ҷанубӣ («Н»), Ҷопон, Ветнам («I») ва Чин («J») роҳхат гирифтанд.

Боз ду дастаи дигаре, ки ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбанд, баъди анҷоми бозиҳо дар гурӯҳи «В» муайян хоҳанд шуд.

Чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонон (U-23). Сабқати интихобӣ

Гурӯҳи «D». Даври 3-юм

Тоҷикистон – Шри-Ланка – 5:1

Голҳо: Ҷоҳар Муҳаммадд Зарван, 25 (0:1). Парвизҷон Умарбоев, 37 (1:1). Фирӯз Раҳматов, 46 (2:1). Ҷаҳонгир Алиев, 71 (3:1). Наврӯз Рустамов, 82 (4:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 88 (5:1).

Тоҷикистон: Эмомалӣ Сониев, Наврӯз Рустамов, Алишер Шарифов (капитан), Бахтиёр Азимов, Саидхони Амрохон, Амирек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарифов, 29), Ромиш Ҷалилов (Абдулло Саидов, 62), Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев (Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 85), Фирӯз Раҳматов, Ҷаҳонгир Эргашев.

31 март. Фуҷайра (ИМА). Варзишгоҳи «Калба». 150 тамошобин.

ИМАЯман – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

ИМА

3

3

0

0

8-0

9

2

Яман

3

2

0

1

7-2

6

3

Тоҷикистон

3

1

0

2

6-6

3

4

Шри-Ланка

3

0

0

3

1-14

0

XS
SM
MD
LG