Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави гуштии озоди Тоҷикистон


Дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии озоди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ғолибон дар ҳамаи вазнҳо маълум шуданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии озоди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат доштанд.

Мусобиқа аз рӯи ҳашт вазн сурат гирифт. Паҳлавонон Бобохон Воҳидов (57 кг), Николай Ноев (61 кг), Содиқхӯҷа Исмоилов (65 кг), Сомиршо Воҳидов (70 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Искандари Рустам (97 кг) ва Фарҳод Анақулов (125 кг) дар вазни худ ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуданд.

Дар ин бора ба ба Радиои Озодӣ Абдурозиқ Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, рӯзи 12-уми март хабар дод. Вай гуфт, ки аз рӯи натоиҷи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар номзадҳо ба ҳайати мунтахаби ҷумҳурӣ маълум шуданд ва онҳо дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя хоҳанд кард.

Ба гуфтаи сармураббии дастаи мунтахаби гӯштии озоди Тоҷикистон, ҳоло онҳо ба мусобиқаи байналмилалии гуштии озод “Яшар Догу”, ки рӯзҳои 26-28-уми март дар Истамбули Туркия барпо мегардад, омодагӣ мебинем. Баъдан мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки моҳи май дар Қатар баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Олимов имсол гуштигирон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад, барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Дар ин мусобиқа гуштигироне, ки дар вазни худ ҷойҳои аз якум то шашумро мегиранд, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI олимпӣ мушарраф мешаванд.

“Соли оянда бошад, - афзуд Абдурозиқ Олимов, - варзишгарон дар чемпионати Осиё ва ду мусобиқаи интихобӣ барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ талош хоҳанд кард”.

XS
SM
MD
LG