Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз “Истиқлол” дар Ишқобод бо “Аҳал” бозӣ мекунад


Шоми имрӯз, 11-уми март, “Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми AFC-2015 бо “Аҳал”-и Туркманистон дар Ишқобод бозӣ мекунад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 бо тими “Аҳал”, барандаи Ҷоми Туркманистон–2014, рақобат хоҳад кард. Ин бозии сабқати гурӯҳи “С” имрӯз, 11-уми март, соати 17.00 дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон шурӯъ мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти клуби футболи “Истиқлол”, пеш аз ин бозӣ, рӯзи сешанбеи 10-уми март дар меҳмонхонаи «Гранд-отел»-и Ишқобод нишасти хабарӣ доир гардид.

Нахуст Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол”, ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Вай, аз ҷумла чунин гуфт: «Аз ин бозӣ муборизаи пуршиддатро интизорам. Ҳарду даста дар даври аввал шикаст хӯрдаанд ва фикр мекунам, ки фардо бозии хуб мешавад. Рӯҳияи мо баланд аст ва танҳо баҳри ғалаба кӯшиш ба харҷ медиҳем”.

Сипас Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари «Истиқлол», ба хабарнигорон иброз дошт, ки: «Мо ба ин ҷо барои ғалаба ва ба даст овардани се имтиёз омадаем. Дар бораи қувваи ҳариф маълумот дорем, бинобар ин хуб омода шудаем. Бохти худро ба «Эрбил» фаромӯш кардаем ва фардо мекӯшем, ки муваффақ шавем».

Баъдан Гуванҷмуҳаммад Овеков, мураббии калони «Аҳал», дар бораи бозӣ муқобили футболбозони тоҷик чунинр гуфт: ”Бо «Истиқлол» моро бисёр бозии ҷидӣ дар пеш аст. «Истиқлол» дастаи хуб аст. Мо дар гурӯҳи ниҳоят пурқувват бозӣ мекунем. Ҳозир ҳама ғалаба кардан мехоҳанд ва албатта дар ин бозӣ мо низ барои пирӯзӣ талош хоҳем кард”.

Инчунин дар ин нишаст Қурбон Аннаев, нимҳимоятгари «Аҳал», ба хабарнигорон гуфт, ки «рӯҳияи бачаҳои мо низ баланд аст. Мо бо дастаи хуб бозӣ мекунем. Бо баъзе аз бозигарони «Истиқлол» шинос ҳастем ва қаблан рақобат кардаем. Бозии фардоро интизорем ва умед мебандем, ки бозӣ барои мо хуб анҷом меёбад».

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”, барои бозӣ муқобили “Аҳал” ба ҳайати дастааш 18 бозигарро дохил намудааст.

Ҳайати «Истиқлол»:

дарвозабонҳо: Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев;

ҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Соҳиб Саванкулов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Хосе Баллестер, Пётр Ковалчук;

нимҳимоятгарон: Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев;

ҳамлагарон: Дилшод Восиев, Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

“Истиқлол” дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, “Эрбил”-и Ироқ ва “Аҳал”-и Туркманистон рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ то 13-уми май идома хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш рӯзи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Эрбил”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми АФК-2014, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон)- 2:0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ)

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

XS
SM
MD
LG