Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар нахустин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар Белеки Туркия бар тими даниягии «Сённерйюск» бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ҳарсе голи мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷони Ҳасан, нимҳимоятгари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ба самар расонд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мунтахаби ҷавонони кишвар муқобили «Сённерйюск» бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Шаҳром Исмоилов, Табрези Давлатмир (капитан), Қувватбек Равшанбеков, Абубакр Азимов, Наврӯз Абдул, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан, Худойдод Узоқов, Ҳоҷибой Зиёев, Отабек Каримов, Саидҷон Шарифов.
Дар ҷараёни бозӣ ҳамдастаҳояшонро инҳо иваз карданд: Беҳрӯз Хайриев, Муродулло Саидов, Алишер Сафаров, Шериддин Бобоев, Сироҷиддин Гулмуродов, Фирӯз Ризомов, Алишер Баротов, Муҳаммадҷон Шарифов, Нуриддин Ҳамроқулов.
Бозии навбатии санҷиширо мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Белеки Туркия рӯзи 13-уми март анҷом медиҳад. Рақибаш дертар маълум хоҳад шуд.
Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар Анталияи Туркия то рӯзи 20-уми март идома хоҳад кард.