Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти бонкдор пас аз се соли фирор


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти интизомӣ дар Суғд мегӯянд, ки раиси пешини намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Куҳистони Мастчоҳро, ки ба қаллобӣ айдор мешавад, боздошт кардаанд. Раҳмат Аюбов аз се сол ба ин тараф дар пинҳонӣ ба сар мебурд.

Раҳмат Аюбов -- раиси пешини намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Куҳистони Мастчоҳ, ки ҳазорон сомонӣ пули сокинонро ба таври қаллобӣ аз худ намуда ва аз се сол ба ин тараф пинҳон буд, боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд рӯзи 5 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҳмат Аюбов бар пояи шикояти сокини деҳаи Пастиғав Хайём Валиев боздошт шуда, алайҳи ӯ тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ”, парванда боз шудааст.

Раҳмат Аюбов ҳанӯз дар моҳи январи соли 2012 вақте ба ҳайси раиси намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Куҳистони Мастчоҳ фаъолият дошт, ба бовари Хаём Валиев даромада ӯро мутақоид мекунад, ки агар дар бонк маблағ гузорад, баъди чанд муддат бо фоизи бештар онро пас хоҳад гирифт. Ба гуфтаи манбаъ, Раҳмат Аюбов дар ниҳоят Валиевро водор мекунад, ки 10 ҳазор сомонии худро дар бонк гузорад ва маблағи ин шахсро чанд муддат барнагардонида ва бо ҳар баҳона фурсатталабӣ кардааст.

Сокини дигари деҳаи Пастиғав Куҳистони Мастчоҳ Азиз Азизов, маъюби гурӯҳи якум, ки аз як пой маҳрум аст, дар моҳи августи соли гузашта ба дафтари радиои «Озодӣ» шикоят овард, ки аввали соли 2013 200 ҳазор сомоние, ки аз фурӯши гову моли хонааш ба даст оварда буд, дар филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар ин ноҳия пасандоз кард ва мехост, пас аз як сол ба ин пул барои фарзандаш хона созад.

Ба гуфтаи ҷаноби Азизов, масъули бонк ӯро ваъда дода буд, ки пас аз як сол пули ӯ 24 дарсад зиёдтар мешавад. Аммо «пас аз гузаштани як сол, 18-уми январи соли 2014 ман барои гирифтани пасандозам ба бонк рафтам. Аллакай роҳбари ин бонк, ки он вақт Раҳмат Аюбов буд, иваз шуда, ба ҷои ӯ Ғаниҷон Раҳимов таъйин шудааст. Ман хостам, пасандозамро бо фоизҳояш гирам, аммо кормандон тӯли як соат бо ҳам гӯшакӣ карданду баъд гуфтанд, пули маро роҳбари пешинаи бонк аз худ кардааст.»

Азизмурод Сабуров, додситони ноҳияи Куҳистони Масчоч моҳи майи соли гузашта дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфта буд, дар нисбати Раҳмат Аюбов ниҳоди зери раҳбарии ӯ парванда боз карда, тафтиши воқеа идома дорад, вале гумонбар дар қаламрави Тоҷикистон нест: «Мо дар нисбати Раҳмат Аюбов аз рӯи моддаи 243 кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаем. Ин нафар депозите муштариёнро, ки дар бонк будааст, аз хазина гирифта ба эшон медиҳам гуфта, худаш хӯрдааст. Боз ҳаст ҳолатҳое, ки аз одамон барои депозит гуфта, пул гирифта аз худ кардааст. Ҳамаи маблағҳои азхудкардаи Аюбов ҳоло пурра маълум нашудааст, вале дар ҳоли ҳозир аз 300 ҳазор доллар зиёдтар пулҳои азхудкардаи вай ошкор шудааст».

Азиз Азизов, яке аз ҷабрдидагон мегӯяд, афроди “фиребхӯрда” дар Куҳистони Мастчоҳ беш аз 18 нафар мебошанд ва ҳама мунтазири Раҳмат Аюбов ҳастанд, ки маблағҳои худро пас гиранд. Пас аз пурсуҷӯҳои зиёд ҷабрдидаҳо маълум кардаанд, ки Раҳмат Аюбов пулҳои онҳоро гирифта ба Русия фирор кардааст. Ҳоло ҷабрдидаҳо дар интизори мурофиаи додгоҳӣ ҳастанд, то ҳаққи худро аз Раҳмат Аюбов талаб намоянд.

Шӯъбаи корҳои дохилии Куҳистони Мастчоҳ мегӯяд, вақте Раҳмат Аюбов дар Русия пинҳон шуда буд, дар нисбати вай пайгарди байналмилалӣ эълон шуда буд. Вале ҳоло маълум нест, ки пулис Раҳмат Аюбовро дар Тоҷикистон боздошт кардааст ва ё ӯ аз Русия истирдод шудааст.

XS
SM
MD
LG