Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии даври аввали интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018


Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръакашии даври аввали интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 баргузор шуд.

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръакашии даври аввали интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 баргузор шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзҳои 12-ум ва 17-уми март бозиҳои плей-офф байни 12 дастаи мунтахаби кишварҳои Осиё, ки дар қисми поёнии раддабандии ФИФА ҷой гирифтааст, баргузор мешаванд.

Аз рӯи натоиҷи даври аввал ба марҳилаи баъдии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 шаш ҷуфт роҳ меёбад:

Ҳиндустон – Непал
Яман – Покистон
Тимори Шарқӣ – Муғулистон
Камбоҷа – Макао
Тайван – Бруней
Шри-Ланка – Бутан

Дар даври дувуми интихобӣ 40 дастаи мунтахаб (аз он ҷумла тими миллии Тоҷикистон) ба 8 гурӯҳ тақсим мешавад. Ғолибони ин гурӯҳҳо ва боз 4 дастаи дар гурӯҳҳо аз рӯи нишондодҳои беҳтарин ҷойҳои дувумро ишғолкара ба даври севуми Ҷоми ҷаҳон-2018 роҳ меёбанд.

Ба ин тартиб, дар даври севум 12 дастаи мунтахаб барои гирифтани роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа мубориза мебарад. Ҳамаи дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ду ҷойи аввалро мегиранд, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 мушарраф хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG