“Истиқлол”-и Душанбе дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дорад, рӯзи 7-уми феврал дар нахустин бозии санҷишӣ аз тими «Элверсберг»-и Олмон бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд.
Чунон ки сомонаи бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст, ҳисобро дар дақиқаи аввали бозӣ Бледа Родригес, легионери испаниягии “Истиқлол”, кушод. Вале баъди панҷ дақиқа Мийо Тунич, легионери ҳолландии «Элверсберг», аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро дар дақиқаи 29-уми нимаи аввали бозӣ Лукас Колер, бозигари олмониҳо, ба ҳадаф расонд.
Бозии дувуми санҷишии “Истиқлол” дар Анталия рӯзи 10-уми феврал муқобили бошгоҳи дигари олмонии «Нойштрелитс» баргузор мешавад.
Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Анталия дар доираи омодагиҳо ба мавсими нави футбол дар Тоҷикистон ва Ҷоми КФО (Конфедератсиони футболи Осиё)-2015 то рӯзи 17-уми феврал идома хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” дар Ҷоми КФО-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми КФО, “Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми КФО ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат мекунад.
Бозиҳои гурӯҳи “С” аз 25-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд. Аввалин бозии “Истиқлол” бо “Эрбил” 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.