Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Хайр” дар бозии санҷишӣ бар ССКА “Помир”


Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар бозии санҷишӣ бар ССКА “Помир”-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 ғалаба кард

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар бозии санҷишӣ бар ССКА “Помир”-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 ғолиб омад. Ин бозӣ дар доираи омодагии “Хайр” ба бозии даври дувуми сабқати интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 бо «Шайх Рассел»-и Бангладеш 4-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Замони асосии ин бозии санҷишӣ бо ҳисоби мусовии 2-2 ба охир расид. Ҳисоб дар замони изофӣ низ тағйир наёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра кори футболбозони “Хайр” омад кард ва бо ҳисоби 4:2 ғолиб омаданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар рӯзи охирини пешниҳоди дархост барои ширкат дар Ҷоми КФО-2015 бошгоҳи “Хайр” ба ҷуз Владимир Верёвкини қирғиз, Дмитрий Медетскийи латвиягӣ, Ҷаҳонгир Хайров тоҷик, боз ду нафари дигар – ҳимоятгари пуртаҷрибаи тоҷик Субҳон Хоҷамов ва легионери африқоӣ аз Гана Менсаҳ Даниэл Абанро илова намудааст.

Бозии санҷишӣ

«Хайр» – ССКА «Помир» – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2

Голҳо: Шамсиддин Қосимов, 30 (0:1). Меҳроҷиддин Музаффаров, 48 (1:1). Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 67 (1:2). Сафаралӣ Каримов, 69 (2:2).

«Хайр» (Ваҳдат): Рустам Ризоев, Идибек Ҳабибуллоев, Баҳодур Шарифов, Сафаралӣ Каримов, Мирзобек Мирзоев, Алишер Ӯлмасов, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҳасан Рустамов, Владимир Верёвкин (Парвиз Ҳомидов, 46), Меҳроҷиддин Музаффаров, Шодибек Ғаффоров.

ССКА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Павел Калугин, Субҳон Хоҷамов, Фурӯғ Қодиров, Руслан Тиллоев, Шамсиддин Қосимов, Самад Шоҳзуҳуров (Сайёди Ковусшо, 73), Комрони Мирзонаҷот, Бузургмеҳр Раҳмоналиев, Абдулло Саидов, Орзу Додхудоев (Фирдавс Чақалов, 79).

Огоҳонида шуданд: Идибек Ҳабибуллоев, Ҳасан Рустамов, Маҳмадалӣ Содиқов, Шодибек Ғаффоров, Баҳодур Шарифов («Хайр»), Абдулло Саидов (ССКА «Помир»).

Сардовар: Эркин Мадибоев (Душанбе).

4-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

XS
SM
MD
LG