Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, барои баргузории ҷамъомади таълимиву тамринӣ рӯзи 3-юми феврал ба шаҳри Анталияи Туркия расид.
Чунон ки сомонаи бошгоҳи футболи “Истиқлол” хабар додааст, ҷамъомади таълимиву тамринии даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев то рӯзи 17-уми феврал идома хоҳад кард. Дар доираи омодагиҳо ба мавсими нави футбол дар Тоҷикистон ва Ҷоми КФО (Конфедератсиони футболи Осиё)-2015 “Истиқлол” дар Анталия бо бошгоҳҳои хориҷӣ якчанд бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” дар Ҷоми КФО-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми КФО, “Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми КФО ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои гурӯҳи “С” аз 25-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд. Аввалин бозии “Истиқлол” бо “Эрбил” 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.
Ҷоми КФО-2015. Гурӯҳи «С»
Даври 1-ум
25-уми феврал (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ)
«Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт) – ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)
Даври 2-юм
11-уми март (чоршанбе)
Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт)
Даври 3-юм
18-уми март (чоршанбе)
«Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон) – «Эрбил» (Ироқ)
Даври 4-ум
15-уми апрел (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт)
«Эрбил» (Ироқ) – Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)
Даври 5-ум
29-уми апрел (чоршанбе)
«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)– «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт)
Даври 6-ум
13-уми май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)
«Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)