Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олӣ бастани Мемориалро рад кард


Додгоҳи Олии Русия дархости вазорати адлияи Русияро дар бораи бастани маркази ҳуқуқи башар бо номи Мемориал рад кард. Ин яке аз гурӯҳҳои муътабари ғайридавлатӣ дар қаламрави Русия аст, ки аз ҳуқуқи башар ҳимоят мекунад.

Мемориал эътибори қаввӣ дорад ва ҳимояти пайгиронаву устувори он аз ҳуқуқи башар ба ҳукумати Владимир Путин хуш наомад ва дархост дар бораи бастани он сабаби интиқодҳои шадиди Ғарб ва мухолифони сисёсии Кремл дар дохили Русия шуд.

Қозии додгоҳ 28 январ дар мурофиа гуфт, ки “додгоҳ дархости вазорати адлияро қонеъ накард.” Вазорат моҳи октябр ба додгоҳ шикоят фиристода буд ва гуфт, ки фаъолиятҳои ин гурӯҳ бо оиннномааш мутобиқ нест.

Вале мухолифони давлат гуфтанд, ки ҳадафи асосӣ ба хамӯшӣ водор кардани ин созмони муътабари ҳифзи ҳуқуқи башар буд. Дар мурофиаи додгоҳии 28 январ қозии додгоҳ гуфт, ки Мемориал камбудиҳояшро ислоҳ кардааст.

Ин созмони ғайридавлатии ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар соли 1989 дар давраи Шӯравӣ ташкил шуда буд.

XS
SM
MD
LG