Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 000 сомонӣ – ҷоиза барои ғолиби Ҷоми Тоҷикистон


Бо тасмими кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) имсол ба ғолиби Ҷоми кишвар 40 000 сомонӣ ва финалист 25 000 сомонӣ ҷоизапулӣ супурда хоҳад шуд.

Бо қарори ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 20-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, имсол ғолиби Ҷоми кишвар бо ҷоизапулӣ ба маблағи 40 000 сомонӣ ва финалист ба маблағи 25 000 сомонӣ сарфароз мешаванд. Инчунин, ба ғолиби Ҷоми ФФТ дар мавсими нав 20 000 сомонӣ, барои ҷойи дувум 15 000 сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Дар ин ҷаласа, инчунин, тасмим гирифта шуд, ки сар аз соли 2015 мусобиқаи дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон на аз рӯи усули минтақавӣ, балки аз рӯи усули нав дар ду давра баргузор мешавад. Дастаҳо бо ҳамдигар дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бозӣ мекунанд. Се дастае, ки дар ҷадвали мусобиқа дар зинаҳои охир қарор мегирад, ба лигаи дуюм мегузарад.

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи дуюми Тоҷикистон бошад, имсол аз рӯи усули минтақавӣ дар минтақаҳои Душанбе, Суғд, Хатлон ва Рашт баргузор мешавад. Ғолибони минтақаҳои Душанбе ва Рашт бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Дастаи ғолиб аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ (дар майдони худ ва дар сафар) муайян шуда, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон мушарраф мешавад. Ва аммо ғолибони мусобиқаи минтақаҳои Хатлону Суғд якбора ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли 2016 дар лигаи якум бозӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG