Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба Русия шарт гузошт, ки...


Давлати Фаронса гуфт, ду киштии ҷангии ”Мистрал”-ро ба шарте ба Русия медиҳад, ки созиши оташбас дар Украина риоят шавад ва “нақшаи сиёсии сулҳ” дар шарқи ин кишварро иҷро кунанд. Жан Ив Ле Дриан, вазири дифои Фаронса, рӯзи 1-уми январ ба радиои Europe 1 гуфт, то кунун талошҳо барои фӯру нишондани муноқиша дар шарқи Украина “мушаххас ва тасдиқпазир” набудааст. Русия барои ду киштӣ ба Фаронса 1 миллиарду 200 миллион доллар пардохт, вале Фаронса бинобар нақши Русия дар муноқишаи Украина, киштиҳои “Мистрал”-ро надод. Моҳи гузашта Жан Ив Ле Дриан шояд Фаронса “ҳеҷ гоҳ” киштиҳоро ба Русия надиҳад. Александ Грушко, намояндаи Русия дар НАТО рӯзи 26-уми декабр гуфт, иҷро нашудани қарордод аз тарафи Фаронса, эътимоди кишварашро ба фурӯшандагони хориҷии силоҳ суст мекунад ва сабаб мешавад, “Русия пойбандиаш ба таҷҳизоти хориҷиро камтар кунад.”

XS
SM
MD
LG