Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2015


Конфедератсиюни футболи Осиё тақвими бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2015-ро тасдиқ кард.

Тақвими бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2015, ки дар он “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозӣ мекунад, тасдиқ шуд. Ёдовар мешавем, ки бар асоси қуръакашӣ рақибони “Истиқлол” дар гурӯҳи «С» бошгоҳҳои «Ал-Қодсия» (ё «Ал-Арабӣ»), «Эрбил»-и Ироқ, инчунин ғолиби плей-оффи 1 – ё «Фанҷа»-и Умон, ё «Аҳал»-и Туркманистон ё «Дордой»-и Қирғизистон мебошанд.

«Истиқлол» ба даври гурӯҳии мусобиқа аз бозӣ дар майдони худ муқобили “Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи порсолаи Ҷоми АФК, шурӯъ хоҳад кард. Ин бозӣ 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бозии хотимавии “Истиқлол” дар майдони худ бо ғолиби плей-оффи 1 – ё «Фанҷа»-и Умон, ё «Аҳал»-и Туркманистон ё «Дордой»-и Қирғизистон- 13-уми май доир хоҳад шуд.

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар мавриди пирӯзӣ дар даври аввали плей-офф бозиашро дар марҳилаи гурӯҳӣ дар меҳмонӣ бо тими «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас»-и Урдун 24-уми феврал шурӯъ мекунад.

Ҷоми АФК-2015. Даври гурӯҳӣ

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ)

«Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт) – ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт)

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон) – «Эрбил» (Ироқ)

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)– «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)

«Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

24 феврал (сешанбе)

«Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас» (Урдун) – Ғолиби плей-офф 3 («Хайр» Тоҷикистон, «Салом Ҷҳарта» Лубнон ё «Шайх Рассел» Бангладеш)

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Ал-Наҳда» ё «Сувайк» (Умон)

Даври 2-юм

10 март (сешанбе)

Ғолиби плей-офф 3 («Хайр» Тоҷикистон, «Салом Ҷҳарта» Лубнон ё «Шайх Рассел» Бангладеш)– «Ал-Ваҳда» (Сурия)

«Ал-Наҳда» ё «Сувайк» (Умон) – «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас» (Урдун)

Даври 3-юм

17 март (сешанбе)

Ғолиби плей-офф 3 («Хайр» Тоҷикистон, «Салом Ҷҳарта» Лубнон ё «Шайх Рассел» Бангладеш)– «Ал-Наҳда» ё «Сувайк» (Умон)

«Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас» (Урдун) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

Даври 4-ум

14 апрел (сешанбе)

«Ал-Наҳда» ё «Сувайк» (Умон) - Ғолиби плей-офф 3 («Хайр» Тоҷикистон, «Салом Ҷҳарта» Лубнон ё «Шайх Рассел» Бангладеш)

«Ал-Ваҳда» (Сурия) - «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас» (Урдун)

Даври 5-ум

28 апрел (сешанбе)

Ғолиби плей-офф 3 («Хайр» Тоҷикистон, «Салом Ҷҳарта» Лубнон ё «Шайх Рассел» Бангладеш)– «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас» (Урдун)

«Ал-Наҳда» ё «Сувайк» (Умон) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

Даври 6-ум

12 май (сешанбе)

«Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас» (Урдун) – «Ал-Наҳда» ё «Сувайк» (Умон)

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – Ғолиби плей-офф 3 («Хайр» Тоҷикистон, «Салом Ҷҳарта» Лубнон ё «Шайх Рассел» Бангладеш)

XS
SM
MD
LG