Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомӣ Латифов орзу дорад, қаҳрамони ҷаҳон шавад


Ҷомӣ Латифов, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар Тайланд дар намуди муайтай медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Варзишгари тоҷик Ҷомӣ Латифов дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки моҳи ноябри соли равон дар Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвар баргузор шуда буд, дар риштаи муайтай дар вазни то 71 кило соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.

Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аввалин рақиби ман аз Туркманистон буд. Ман бо ӯ се раунд қувваозмоӣ карда, пирӯз шудам. Баъдан дар даври нимфиналӣ бо варзишгари тайландӣ рақобат карда, дар раунди аввал аз рӯи имтиёз бартарӣ доштам, вале дар раунди дувум лат хӯрдам ва аз идомаи сабқат даст кашидам. Бинобар ин барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шудам. Ин бузургтарин дастоварди ман дар ҳаёти варзишиам маҳсуб мешавад. Пеш аз ин дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Теҳрон ғолиб шуда будам. Орзу дорам, ки қаҳрамони ҷаҳон шавам.”

Ҷомӣ Латифови 19-сола зодаи деҳаи Кишти ноҳияи Шӯрообод буда, аз соли 2008 ба ин намуди варзиш машғул аст. Вай таҳти раҳбарии бародараш Зулфалӣ Латифов ва устоди муайтай Мирзоалӣ Ҷалилов тамрин мекунад. Ӯ феълан дар шаҳри Душанбе, дар бахши севуми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳсил менамояд.

Муайтай ин бокси тайландист, ки маънояш “қувваозмоии озод” ё “пайкори озод“ аст. Дар ин намуд варзишгар бо мушт, кафи по, соқи по, оринҷ ва зону зарба мезанад. Ин намуди варзиш аз нимаи дувуми қарни XX дар ҷаҳон маъруфият пайдо кардааст. Дар Тоҷикистон бошад, муайтай 5-6 соли ахир ривоҷ ёфтааст ва ба он наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Варзишгарони тоҷик дар ин намуд дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карда, натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG