Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали дувуми Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён


Каюмарс Норов, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар шаҳри Лимассоли Кипр медали биринҷӣ ба даст овард.

Варзишгари тоҷик Каюмарс Норов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён, ки рӯзи 8-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр хотима ёфт, дар рақобатҳо дар вазни 52 килограмм медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин вазн Кубаркови русиягӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Темурмалик Юсупови узбакистонӣ пирӯз шуд, мақоми аввалро касб кард.

Бояд гуфт, ки ин дувумин медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар Лимассол ба шумор меравад. Нахуст Ардашер Исмоилов, варзишгари тоҷик, рӯзи 7-уми декабр дар рақобатҳо дар вазни 57 килограмм барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуда буд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон, ки сардовари Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён буд, субҳи имрӯз, 9-уми декабр, хабар дод. Вай афзуд, “Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён, ки дар Лимассоли Кипр рӯзҳои 7-8-уми декабр баргузор шуд, наздики 100 варзишгар аз 22 кишвар ширкат дошт. Тоҷикистонро ба ҷуз Ардашер Исмоилов ва Каюмарс Норов, инчунин Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ карданд.”

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик, инчунин, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасони синнашон 14-16-сола, ки рӯзҳои 5-6-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор шуд, 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар сабқати писарон Илҳомҷон Ҳофиззода (дар вазни 66 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг) бо медалҳои нуқра, Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг) бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Инчунин дар сабқати духтарон Шоҳида Қаландарова дар вазни 56 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG