Варзишгарони тоҷик дар ду мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон - яке байни донишҷӯён ва дигаре миёни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000, ки аз 4-ум то 9-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон, ки сардовари мусобиқоти ҷаҳонӣ байни донишҷӯён ва наврасон мебошад, рӯзи 2-юми декабр хабар дод.
Вай афзуд, “ба ҳайати варзишии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 нафар - 10 варзишгар, 2 мураббӣ ва як довар - дохиланд. Дар сабқати ҷаҳонии донишҷӯён Тоҷикистонро Ардашер Исмоилов (вазни 52 кг), Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати ҷаҳонӣ байни наврасон шарафи Тоҷикистонро Каюмарс Норов (51 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг), Муҳаммадшо Беков (59 кг), Илҳом Ҳофиззода (72 кг), Муҳаммадризо Қурбонов (84 кг) ва Хуршед Маҷидов (+кг 84 кг), инчунин миёни духтарон Шоҳида Қаландарова (55 кг) ҳимоя мекунанд. Мо рӯзи 3-юми декабр тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав ва аз он ҷо ба Кипр сафар хоҳем кард.”
Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони синнашон аз 14 то 16-сола барои аввалин бор аз ҷониби Федератсиюни байналмилалии самбо баргузор мешавад. Ва аммо варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии донишҷӯён борҳо ширкат карда, ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд.