Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роналду, Месси ва Нойер- муддаиёни «Тӯби тиллоӣ»


Криштиану Роналду, Лионел Месси ва Мануэл Нойер ба сегонаи муддаиёни «Тӯби тиллоӣ»-и ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол) - ҷоиза барои беҳтарин футболбози соли 2014 дохил шуданд.

Ҳамлагари «Реал»-и Мадрид португалӣ Криштиану Роналду, ҳамлагари «Барселона» аргентинӣ Лионел Месси, инчунин дарвозабони «Бавария»-и Мюнхен ва мунтахаби Олмон Мануэл Нойер ба сегонаи муддаиёни «Тӯби тиллоӣ»-и ФИФА-- ҷоиза барои беҳтарин футболбози соли 2014 дхил шуданд. Дар ин бора ба оҷонсии «Р-Спорт» манбаъ аз кумитаи тадорукоти ҷоиза хабар додааст.

Ғолиб дар маросими ҷоизасупорӣ 12-уми январи соли 2015 дар Сюрихи Швейтсария эълон хоҳад шуд. Соли гузашта “Тӯби тиллоӣ” ба Криштиану Роналду, ҳамлагари португалӣ, супурда шуда буд. Пеш аз ӯ Месси чаҳор бор паиҳам ин ҷоизаро ба даст оварда буд.

Ин ҷоиза соли 2010 баъди ба ҳам омехтани «Тӯби тиллоӣ»-и France Football ва «Бозигари соли ФИФА» таъсис ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, Мануэл Нойерро ва Алишер Тӯйчиев, капитани мунтахаби миллии кишвар, Лионел Мессиро беҳтарин бозигари соли 2014 ном бурдаанд.

Бояд гуфт, ки барои унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 23 бозигар муддаӣ буданд: ГаретБэйл (Уэлс), Карим Бензема (Фаронса), Диего Коста (Испания), Тибо Куртуа (Белгия), Анхел Ди Мария (Аргентина), Криштиану Роналду (Португалия), Марио Гетсе (Олмон), Эден Азар (Белгия), Златан Иброҳимович (Шветсия), Андрес Инеста (Испания), Тони Кроос (Олмон), Филипп Лам (Олмон), Хавер Маскерано (Аргентина), Лионел Месси (Аргентина), Томас Мюллер (Олмон), Мануэл Нойер (Олмон), Неймар (Бразилия), Пол Погба (Фаронса), Серхио Рамос (Испания), Арен Роббен (Нидерланд), Хамес Родригес (Колумбия), Бастиан Швайнштайгер (Олмон), Яя Туре (Кот-д'Ивауар).

XS
SM
MD
LG