Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи Осиё эълон мешаванд


Рӯзи якшанбеи 30-юми ноябр дар Манила маросими супурдани ҷоизаҳои AFC (Конфедератсиюни футболи Осиё) ба беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014 баргузор мешавад.

Конфедератсиюни футболи Осиё (AFC) дар маросими ботантанаи «AFC Annual Awards”, ки рӯзи якшанбеи 30-юми ноябр дар пойтахти Филиппин – шаҳри Манила – доир мешавад, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014-ро бо ҷоизаҳо сарфароз хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар ин маросим, ки ҳамчунин мавсими имсолаи футбол дар қораи Осиё натиҷагирӣ хоҳад шуд, Тоҷикистонро Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси ФФТ ва Давлатманд Исломов, сардори шӯъбаи байналмилалии ФФТ, намояндагӣ мекунанд.

Дар маросими «AFC Annual Awards” ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «беҳтарин бозигар», «беҳтарин бозигари ҷавон», «беҳтарин бозигари футзал», «беҳтарин футболбоззан», «беҳтарин довар», «беҳтарин ёвари довар», «беҳтарин мураббӣ», «беҳтарин дастаи мунтахаб» ва ғайра эълон шуда, бо ҷоизаҳо мукофотонида мешаванд. Инчунин Конфедератсиюни футболи Осиё лауреатҳои соли 2014-ро аз рӯи номинатсияҳои “Алмоси Осиё”, “Орзуи Осиё”, "Ҷоизаи Fair рlay” эълон карда, бо ҷоизаҳо сарфароз мегардонад.

Бояд гуфт, ки барои унвони беҳтарин бозигари қораи Осиё дар соли 2014 се футболбоз муддаиянд. Инҳо - ҳамлагари бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ Носир Ал-Шамъронӣ, ҳимоятгари бошгоҳи «Ал-Айн»-и Имороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Исмоил ва нимҳимоятгари бошгоҳи «Ал-Садд»-и Қатар Иброҳим Халфан мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Чжэн Чжи, ҳимоятгари бошгоҳи футболи «Гуанҷоу Эвергранд»-и Чин, беҳтарин бозигари Осиё дар соли 2013 гардида буд.

XS
SM
MD
LG