Рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Душанбе дувумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 барои Ҷоми Бошгоҳи варзишии “Вастан” барпо мегардад.
Дар ин мусобиқа ба ҷуз варзишгарони тоҷик, гуштигирони ҷавони Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркия, Узбакистон ва Эрон ширкат хоҳанд кард.
Нуралӣ Шарифов, раиси Бошгоҳи варзишии “Вастан”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “умедворем, ки ин мусобиқа ба рушди дзюдо ва таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарони навраси кишварҳои мухталиф мусоидат мекунад ва дар оянда аз байни онҳо устодони бузурги дзюдо, ба мисли Расул Боқиев, ба камол мерасанд. “
Ба ғолибони мусобиқа дар 9 вазн – 46, 50, 55, 60, 66, 73, 81,90, +90 кг ба ҷуз медалу диплом, ҷоизаҳои молӣ (барои ҷойҳои аввал 300 доллар, барои ҷойҳои дувум 200 доллар ва барои ҷойҳои севум 100 доллар) супурда мешавад.
Ин мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андозиТоҷикистон, ки 1,5 ҳазор ҷойгоҳ дорад, 22-юми ноябр соати 10-и субҳ оғоз меёбад. Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа рӯзи шанбе соати 16:30 барпо мегардад.