Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвари қора то рӯзи 23-юми ноябр идома меёбанд, бо касби ду медал (як тилло ва як биринҷӣ) дар мақоми 24-ум қарор дорад.
Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 21 варзишгар (17 мард ва 4 зан) дар 6 намуд – самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гуштии кураш (4 мард), волейболи соҳилӣ (2 мард ва 2 зан), варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ, 1 мард), бодибилдинг (2 мард) ва муайтай (3 мард ва 1 зан) намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар сабқати гуштии кураш дар вазни беш аз 90 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Икромиддин Аҳмадӣ аз Афғонистон ғолиб омад ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар ин намуд дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Вале варзишгарони тоҷик дар намудҳои самбо, ҷиу-ҷитсу, волейболи соҳилӣ ва варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ) бе медал монданд.
Дар риштаи муайтай бошад, варзишгари тоҷик Ҷомӣ Латифов дар вазни 71 кг дар даври чорякниҳоӣ бар Муҳаммадбердӣ Равшанов аз Туркманистон бо ҳисоби 5-0 пирӯз шуд. Вай муборизаро барои медалҳо дар даври ниманиҳоӣ, ки 21-уми ноябр барпо мегардад, идома медиҳад. Дар сабқати муайтай варзишгарони дигари тоҷик - Сарвиноз Розибекова (51 кг), Бегиҷон Имомов (67 кг) ва Муҳаммадалиҷон Чақалов (81 кг) - дар даври чорякниҳоӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.
Имрӯз, 21-уми ноябр, дастаи занонаи волейболи соҳилии Тоҷикистон пас аз се бохт ба тимҳои Тайланд, Ҷопон ва Чин бо ҳисобҳои 0-2 бо тими Қазоқистон бозӣ мекунад.
Ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мунтахаби Тайланд бо касби 92 медал, аз он ҷумла 35 нишони тилло, 27 медали нуқра ва 30 нишони биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 42 медал (15 тилло, 9 нуқра ва 18 биринҷӣ) дар ҷойи дувум қарор дорад. Варзишгарони Ҷопон, ки 15 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд, дар мақоми севум мебошанд.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 33 кишвар медалҳои бозиҳоро соҳиб шудаанд ва намояндагони 24 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гаштаанд. Тоҷикистон бо ду медал – як тилло ва як биринҷӣ - дар ҷойи 24-ум қарор дорад.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Қазоқистон 17 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ), Узбакистон 8 медал (2+0+6), Туркманистон 10 медал (1+3+6), Тоҷикистон 2 медал (1+0+1) ва Қирғизистон 3 медал (0+2+1) ба даст овардаанд.