Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии қаҳрамонии Осиё -2016 байни ҷавонон. Кӣ рақиби кӣ?


Қуръакашии сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон (U-22) рӯзи 4-уми декабр дар қароргоҳи Конфедератсиюни футболи Осиё (AFC) - Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад.

Қуръакашии сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон (U-22) рӯзи 4-уми декабр дар қароргоҳи Конфедератсиюни футболи Осиё (AFC), дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур, доир хоҳад шуд.

Дар ин бора AFC федератсиюнҳои миллиеро, ки дастаҳояшон дар сабқати интихобӣ ширкат мекунанд, хабардор кардааст. Даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 аз 23-юм то 31-уми марти соли 2015 баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аз бозигарони соли таваллудашон 1993 ва аз он хурд ташкил шудааст, барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтан талош хоҳад кард.

Дар марҳилаи интихобӣ 43 даста ширкат меварзад. Дастаҳо ба ду минтақа тақсим мешаванд. Ба минтақаи ғарбӣ 24 даста дохил аст: Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Молдив, Непал, Умон, Покистон, Фаластин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Узбакистон ва Яман.

Ба минтақаи шарқӣ 20 даста шомил аст: Австралия, Бруней, Камбоҷа, Чин, Тайван, Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Малайзия, Муғулистон, Мянмар, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тимори Шарқӣ ва Ветнам.

Ҳангоми қуръакашӣ дар минтақаи ғарбӣ 3 гурӯҳи иборат аз 5-дастаӣ ва 2 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ таъсис меёбад. Дар минтақаи шарқӣ дастаҳо ба 4 гурӯҳи иборат аз 5-дастаӣ тақсим мешаванд. Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 12-ум то 30-юми январи соли 2016 барпо мегардад, 9 ғолиби гурӯҳҳо ва 6 дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда роҳ меёбанд.

Дар мавриди қуръакашии сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Қирғизистон, Баҳрайн, Ҳиндустон ва Непал ба сабади севум меафтад. Ин маънои онро дорад, ки футболбозони тоҷик дар сабқати интихобӣ бо ин дастаҳо дар як гурӯҳ бозӣ намекунад.

Дар ҳамин ҳол барои мизбонии сабқати интихобӣ Бангладеш, Эрон, Покистон, Фаластин ва Қатар (минтақаи ғарбӣ), инчунин, Тайван ва Индонезия (минтақаи шарқӣ) дархост додаанд.

Ба иттилои AFC барои баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 чаҳор кишвар - Эрон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Узбакистон муддаиянд. Мизбони сабқати қитъавӣ, ки 29-уми ноябр дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AFC маълум мешавад, аз мусобиқаи интихобӣ озод аст.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон мусобиқаи интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, маҳсуб меёбад. Ҷоизадорони қаҳрамонии ҷавонони Осиё ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG