Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Саройкамар» ва «Кӯктош» дар бозиҳои аввали ниманиҳоӣ


Дастаҳои «Саройкамар»- и ноҳияи Панҷ ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозиҳои аввали ниманиҳоии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми ноябр баргузор шуданд, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дастаҳои «Саройкамар»- и Панҷ ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар бозиҳои аввали ниманиҳоии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми ноябр баргузор шуданд, бар рақибонашон ғалаба карданд.

«Саройкамар», ғолиби сабқати минтақаи Душанбе, дар майдони худ бар «Эсхата»-и Хуҷанд , ки дар сабқати минтақаи Суғд дувум шудааст, бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Ду голи мизбононро Соҳибҷон Ваҳҳобов дар нимаи аввали бозӣ ва як голи дигарро Фаридун Шодиев дар нимаи дувуми дидор заданд. Ҳафт дақиқа қабл аз анҷоми замони асосии бозӣ Манучеҳр Ҳасанов, бозигари меҳмонон, ҳисобро тағйир дод.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи мизбон - “Исфара”-и Исфара, ғолиби минтақаи Суғд, - аз тими «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, ки дар минтақаи Душанбе дувум шудааст, бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Голи ягона ва ҳалкунандаро Худойдод Нусратов, беҳтарин нишонзани дастаи “Кӯктош”, дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 13 ноябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Нимфинал. Бозиҳои аввал

«Исфара» - «Кӯктош» - 0:1

Гол: Худойдод Нусратов, 87.

«Исфара» (Исфара): Исроилҷон Деҳқонов, Эҳсонҷон Бобоев, Фирдавс Мӯсоев, Абдувосит Абдуқуддусов, Манучеҳр Сулаймонов, Абдусубҳон Раҳимов, Амрулло Яҳёхоҷаев, Муҳаммад Ҳасанов, Рустамҷон Сабуров, Дилшод Бозоров, Парвизҷон Деҳқонов.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Баҳовиддин Холиқов, Аҳтам Холбоев, Улуғбек Абдулҳаев, Нурулло Сулаймонов, Сироҷиддин Қурбонов, Эҳсон Бобоев, Акмал Авазов, Собирҷон Холматов, Ҳасан Холов, Темур Нурматов (Фозилҷон Сатторов, 81), Худойдод Нусратов.

Огоҳонида шуданд: Рустамҷон Сабуров («Исфара»), Сироҷиддин Қурбонов («Кӯктош»).

Бозигари беҳтарини ин бозӣ : Худойдод Нусратов («Кӯктош»).

Сардовар: Аъзам Бқриев (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

9-уми ноябр. Исфара. Варзишгоҳи «Навгилем». 4500 тамошобин.

«Саройкамар» - «Эсхата» - 3:1

Голҳо: Соҳибҷон Ваҳҳобов, 3 (1:0). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 24 (2:0). Фаридун Шодиев, 80 (3:0). Манучеҳр Ҳасанов, 83 (3:1).

"Саройкамар" (Панҷ): Сафар Наботов, Фаридун Шодиев, Искандар Мамадқулов, Шарифи Қиёмиддин (Меҳрубон Қурбонов, 63), Сӯҳроб Имомназаров, Иброҳими Мӯҳтоҷзода, Дилшод Ниҳолов, Насим Мамадқулов (Амонулло Боронов, 69), Ҳусейн Ёқубов, Хуршед Ямоқов, Соҳибҷон Ваҳҳобов (Ҷонибек Ғаффоров, 58).

"Эсхата" (Душанбе): Дилшод Дадобоев, Нарзулло Раҷабов, Саидҷон Бойбобоев (Аъзамҷон Ҷӯраев, 31), Даврон Маҳмудов, Довуд Зиёвуддинов, Мирҷамол Икромбеков, Баҳром Ғиёсов (Амирҷон Раҳимов, 56), Ҷӯрабой Исоев, Анвархони Темурхон, Манучеҳр Ҳасанов, Шавкатҷон Насруллоев (Шерзод Бердиқулов, 73).
Огоҳонида шуданд: Искандар Маматқулов, Хуршед Ямоқов ("Саройкамар"), Даврон Маҳмудов, Аъзамҷон Ҷабборов ("Эсхата").

Бозигари беҳтарини ин бозӣ: Фаридун Шодиев ("Саройкамар").

Сардовар: Эркин Мадибоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

9-уми ноябр. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

13-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 13:00

«Эсхата» - «Саройкамар»

«Кӯктош» - «Исфара»

XS
SM
MD
LG