Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба тақвими бозиҳои лигаи олӣ тағйирот ворид шуд


Лигаи миллии футболи Тоҷикистон ба тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии кишвар баъзе тағйирот ворид кард.

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон ба тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии кишвар баъзе тағйирот ворид намуд. Бозиҳои даври 17-ум, ки бояд рӯзҳои 16-17-уми ноябр баргузор мешуданд, рӯзҳои 11-12-уми ноябр барпо мегарданд.

Бозиҳои даври 18-ум бошанд, ба рӯзи 16-уми ноябр гузаронида шуданд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи шанбеи 22-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.

Бозиҳои боқимондаи мавсим:

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум

11-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

12-уми ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода). Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан). Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - 3:0 (натиҷаи фаннӣ)

Даври 18-ум

16-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд). Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

«ХАЙР» (Ваҳдат) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе). Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «РАВШАН» (Кӯлоб). Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) - 0:3 (натиҷаи фаннӣ)

Ҷоми Тоҷикистон. Финал

22-юми ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ - соати 14:00

“ИСТИҚЛОЛ” “РЕГАР-ТАДАЗ”. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.

XS
SM
MD
LG