Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ва “Регар” – дар финали Ҷоми Тоҷикистон


Дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои бори чаҳорум паиҳам барои ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои бори чаҳорум паиҳам дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2014, ки 6-уми ноябр баргузор шуд, “Истиқлол” бозиро дар меҳмонӣ бо “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби мусовии 1-1 анҷом дод. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали ниманиҳоӣ “Истиқлол” дар майдони худ бар “Саройкамар” бо ҳисоби бузурги 5-0 пирӯз шуда буд. Бинобар ин душанбегиҳо ба финал баромаданд.

Дар бозиии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ “Хайр”-и Ваҳдатро бо ҳисоби 3-1 шикаст дод. Дар бозии аввали ниманиҳоӣ “Хайр” дар майдони худ бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1-0 ғолиб омада буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Регар-ТадАЗ” ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«САРОЙКАМАР» - «ИСТИҚЛОЛ» - 1:1

Голҳо: Комил Саидов, 25 (0:1). Иброҳими Мӯҳтоҷзода, 44 – аз пеналтӣ (1:1).

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ХАЙР» - 3:1

Голҳо: Баҳодур Шарифов, 14 – аз пеналтӣ (0:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 43 (1:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 79 (2:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 90+2 – аз пеналтӣ (3:1).

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ рӯзи 22-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2014 рақобат хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 23-юм барпо мегардад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Инчунин себорӣ дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5
2013 – “Истиқлол» (Душанбе) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) -2:0

XS
SM
MD
LG