Дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзюдо, ки дар Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб шоми якшанбеи 2-юми ноябр ба анҷом расид, мунтахаби Олмон дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард. Олмониҳо дар сабқати мардону занон 3 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Мунтахаби Ҳолланд (1-2-1) дар ҷойи дувум ва дастаи Руминия (1-2-1) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Дар мусобиқаи имсолаи «Тоскулоҳи бузург» дар Абу-Даби 317 варзишгар (186 мард ва 131 зан) аз 58 кишвари ҷаҳон дар 7 вазн рақобат карданд. Онҳо, инчунин, барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ барои Бозиҳои соли 2016 мубориза бурданд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» дар Абу-Даби варзишгарони тоҷик ширкат надоштанд. Мусобиқаи баъдии «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзюдо рӯзҳои 5-7 декабр дар Токио баргузор мешавад.
Ғолибону ҷоизадорони “Тоскулоҳи бузург” дар Абу-Даби-2014:
Мардон
-60 кг
1. САФАРОВ Орхан (Озабойҷон)
2. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистоня)
3. ГАНБОЛД Ҳерлен (Муғулистон)
3. МУШКИЕВ Илгар (Озарбойҷон)
-66 кг
1. ШЕРШАН Дмитрий (Беларус)
2. КАРИМОВ Тарлан (Озарбойҷон)
3. ГАГНЕ Патрик (Канада)
3. СЕЙДЛ Себастян (Олмоня)
-73 кг
1. ЭЛМОНТ Дэкс (Ҳолланд)
2. МОГУШКОВ Мусо (Русия)
3. ДРАКИЧ Рок (Словения)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
-81 кг
1. НИФОНТОВ Иван (Русия)
2. ВАЛУА-ФОРТЕ Энтони (Канада)
3. СТАШЕНКА Александр (Беларус)
3. ТОМА Сергей (ИМА)
-90 кг
1. Криштиан Тот (Маҷористон)
2. Ноэл Ван Энд (Ҳолланд)
3. Кирил Гроссклаус (Швейтсария)
3. Кирилл Вопросов (Русия)
-100 кг
1. Дмитрий Петерс (Олмон)
2. Карл-Рихард Фрей (Олмон)
3. Лес Буякуб (Алҷазоир)
3. Кирил Маре (Фаронса)
+100 кг
1. Даниэл Натя (Руминия)
2. Владут Симонеску (Руминия)
3. Рой Мейер (Ҳолланд)
3. Матсей Сарнатски (Лаҳистон)