Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко ба мардуми Украина паёми шодбош фиристод


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина ба мардуми кишвараш паёми шодбош фиристод, ки аз 1 ноябр ҳамгароии Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дар баъзе бахшҳо оғоз шудааст.

Порошенко ин табрикоташро аз сафҳаи Твиттери худ фиристодааст. Як рӯз пеш эъломияи муштараки вай бо раҳбарони иттиҳодияи Аврупо ва Кумиссиюни Аврупо пахш шуда буд.

Дар эъломия омадааст, ки дар марҳилаи кунунӣ қарордоди ҳамгароӣ баъзе бахшҳо, аз ҷумла авлавияти қонун, мубориза бо ҷиноякориву ришвахориро дар бар мегирад.

Бахши иқтисодии ин қарордод, ки ба он минтақаи озоди тиҷоратии байни Украинаву Иттиҳодияи Аврупо дохил аст, то охири соли 2015 мавқуф гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG