Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон дар Салоникии Юнон ду медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон, ки рӯзҳои 26-27-уми октябр дар Салоникии Юнон баргузор шуд, ду медал гирифтанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байнулмилалӣ Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки муовини сардовари ин мусобиқа буд, аз шаҳри Салоники рӯзи 28-уми октябр тавассути телефон хабар дод.

Вай гуфт, “Тоҷикистонро дар ин сабқати ҷаҳонӣ ду варзишгар намояндагӣ карданд. Саттор Сайфиддинов дар вазни беш аз 100 кило дар байни устодони синнашон 60-64-сола барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва Гулподшоҳ Хайлобеков дар вазни то 68 кило дар байни устодони синнашон 65-сола барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.”

Дар ин мусобиқа 250 варзишгари синнашон аз 35 то 65-сола ва аз он боло аз 19 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Варзишгарон мувофиқи синну солашон ба 7 гурӯҳ тақсим шуданд. Варзишгари аз ҳама бузургсол дар мусобиқаи имсола Заур Сахуадзеи 79-сола аз Гурҷистон буд.

Натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон дар Юнон:

Мардон

Синни 60-64-сола, вазни беш аз 100 кг

1. АҲМАДОВ Ғозимуҳаммад (Русия)

2. САЙФИДДИНОВ Саттор (Тоҷикистон)

3. СЛАВИН Mарк (Русия)

Синни 65-сола ва аз он боло, вазни то 68 кг

1. ҲАНТЕВ Иля (Булғористон)

2. БИКОВ Алексей (Русия)

3. ХАЙЛОБЕКОВ Гулподшоҳ (Тоҷикистон)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG