Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нерӯи Эрон ба Тоҷикистон омад


Ҳамид Читчиён, вазири нируи Ҷумҳурии исломии Эрон дар раъси ҳайате аз мақомҳои ин кишвар, ба манзури ширкат дар даҳумин нишасти Комиссиюни байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вафарҳангиву фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе қарор дорад. Аҳлиддин Холов, як масъули бахши равобити байналмилалии вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 2 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳамид Читчиён, ки раисии Кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву фаннӣ, аз ҷониби Эронро бар дӯш дорад, рӯзи гузашта вориди шаҳри Душанбе шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Холов, ҷониби Тоҷикистонро дар ин кумиссиюн, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои обӣ раисӣ мекунад. Ба иттилои ин манбаъ, нишасти комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон, дар масоили иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву фаннӣ нимаи дуввуми дирӯз дар бинои вазорати энергетика ва захираҳои обӣ шурӯъ шуда ва қарор аст, бо имзои санаде дар мавриди тавофуқоти тарафҳо дар ин нишаст ба поён расад. Ба ин тартиб ҷонибҳо дар ин нишаст, масоили густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, табодули таҷриба ва бахши бонкдорӣ ва молияро баррасӣ мекунанд.

Бозсозии тунели "Истиқлол" бо сармоя ва ширкати Эрон, фаъолияти ниругоҳи Сангтӯда - 2 мавриди баҳсу баррасии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки интизор меравад, неругоҳи барқӣ - обии Сангтӯда - 2 дар ҷараёани сафари расмии Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ба таърихи 12 ва 13 сентябр расман фаъол шавад. Ҳасан Рӯҳонӣ бар иловаи сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе ширкат мекунад. Ин нахустин сафари Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон хоҳад буд ва дар поёни ин сафар даҳ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф миёни ду кишвар ба имзо мерасад.

Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки истиқлоли Тоҷикистонро дар соли 1991 шинохтааст. Тибқи иттилои расмӣ, ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар як соли ахир маблағи 200 миллион долларро ташкил додааст, ки мақомоти ҳар ду кишвар ин рақамро бо таваҷҷӯҳ ба имконоту зарфитяҳои мавҷуд, нокофӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG