Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами Тоҷикистонро дар Инчон Мавзуна мебардорад


Имрӯз, 1-уми сентябр, дар Душанбе маросими гусели ҳайати варзишии кишвар ба Бозиҳои XVII осиёӣ ба шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 100 нафар оид ба 18 намуди варзиш дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзад.

Дар маросими гусели ҳайати варзишии кишвар ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки рӯзи душанбе дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба варзишгарони тоҷик роҳи сафед ва пирӯзӣ орзу намуд. Вай гуфт, “Ҳукумати Тоҷикистон дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди варзиш тамоми чораҳоро меандешад. Зиёда аз 3000 майдону толорҳои варзишӣ ба истифода дода шуд. Садҳо ҳазор ҷавонони мо аллакай ба варзиш майл доранд ва имконияти истифода аз инфрасохтори варзиширо пайдо кардем. Танҳо дар соли 2014 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои омодагӣ ва иштирок дар Олимпиадаи дувуми наврасон ва Бозиҳои XVII осиёӣ зиёда аз як миллиону 700 ҳазор сомонӣ хароҷот кардааст. Мо аз шумо, беҳтарин варзишгарони кишвар, дар Бозиҳои XVII осиёӣ медалҳоро интизорем. ”

Баъдан Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин маросим суханронӣ кард. Вай гуфт, “дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 18 намуд, ба монанди бокс, дзюдо, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ-до, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат хоҳанд кард. Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони мо имтиҳони ҷиддиест пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия.”

Дар ин маросим, инчунин, Исроил Исмоилов, аввалин барандаи ҷоизаи Бозиҳои осиёӣ аз Тоҷикистон ва Адҳам Маъмурзода, муовини сардори Раёсати илму маърифати дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ба варзишгарони тоҷик барори кор ва муваффақият орзу намуданд.

Сипас Аҳтам Рустам Абдуллозода Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муштзани машҳур Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012, супурд, ки ӯ дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XVII осиёӣ парчамбардори Тоҷикистон мешавад. Мавзуна аз номи варзишгарон иброз дошт, ки мекӯшанд дар ин Бозиҳо парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд.

Варзишгарони маъруфи тоҷик - Дилшод Назаров, қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои осиёӣ дар гурзандозӣ ва Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, аз номи ҳайати варзишии кишвар ба пояи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат хоҳад кард. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.

Ба назари коршиносони соҳа дар Бозиҳои XVII осиёӣ аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои варзиши сабук, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ ва ғайра натиҷаҳои баландро чашмдор шудан мумкин аст.

Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал ( 1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродалӣ Тӯйчиев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

XS
SM
MD
LG