Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ба курсии раисиҷумҳури Туркия нишаст


Раҷаб Тайид Эрдуғон, рӯзи панҷшанбе, 28 август, дар Анқара ба ҳайси раисиҷумҳури тозаинтихоби Туркия савганд ёд кард. Ӯ гуфт, "чун раисиҷумҳур, ман дар назди мардуми бузурги турк бо виҷдон ва эътибори худ савганд мехӯрам, ки бақову истиқлоли давлатро кафолат медиҳам".

Эрдуғон дар нахустин дар таърихи Туркия интихоби президентӣ аз тариқи раъйдиҳии оммавии мардум пирӯз шуд. Аз ин пеш ӯ 11 сол нахуствазири Туркия буд.

Маросими савгандёдкунӣ дар бинои парлумон баргузор шуд. Вакилон аз Ҳизби мардумии ҷумҳурихоҳон, ки Эрдуғонро дар нақзи Қонуни асосӣ айбдор мекунанд, ба нишони эътироз қабл аз маросим толорро тарк намуданд.

Дар маросими савгандёдкунӣ сарони тақрибан даҳ кишвари ҳамсоя ва дӯсти Туркия ширкат доштанд. Аз ИМА сафири кишвар дар Туркия намояндагӣ кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ин пеш эълом дошт, ки мехоҳад бо вуруди тағйирот ба Қонуни асосӣ ваколатҳои раисиҷумҳурро афзоиш диҳад ва мақоми феълии ташрифотии онро аз байн бубарад. Мухолифини Эрдуғон мегӯянд, ки ба ин васила ӯ мехоҳад ба як роҳбари мустабид табдил шавад.

Қарор аст, ки вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу дар курсии нахуствазирӣ нишинад.

XS
SM
MD
LG