Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Искандаров аз мақомаш барканор шуд


Абдулваҳҳоб Искандаров
Абдулваҳҳоб Искандаров

Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз мақомаш барканор шуда ва ба раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон сафарбар шудааст.

Масъулони раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб рӯзи 28 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "полковник Абдулваҳҳоб Искандаров дар чорчуби тағйироти сохторӣ дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мақоми сардори раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб барканор ва ба ҷои вай Баҳром Салимхонзода таъин гардидааст." Ба иттилои ин манбаъ, полковник Баҳром Салимхонзода, то кунун муовини сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанберо бар ӯҳда доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдуваҳҳоб Искандаров ба симмати муовини сардори расёати корҳои дохилии вилояти Бадахшон таъин гардидааст.

Ҷаноби Искандаров афсари собиқадори вазорати корҳои дохилӣ аст, ки муддати панҷ соли ахир дар симмати сардори раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб ифои вазифа кардааст.

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ба хусус дар вазорати корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир сурат гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии назди президенти Тоҷикистон дар пайи ин тағйирот, дар ҳайати оҷонсӣ тағйироти кадрӣ ба амал омад, ки бар пешниҳоди раиси ин ниҳод Рустам Назаров, полковник Абдулҳамид Норзода ба вазифаи сардори ситоди Оҷонсӣ таъин шудааст. Ҳамчунин полковник Зафар Сайфуллозода ба вазифаи сардори раёсати сайёри зудамал мансуб шуда, полковник Миралӣ Хайруллозода сардори раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Рӯзи 26 август кадрҳои тозатаъинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур пазируфта, ба гуфтаи дафтари матбуоташ, «аз онҳо талаб кардааст, ки содиқонаю софдилона хизмат намуда, ҳифзи манфиатҳои давлату миллатро дар мадди аввал гузоранд.»

XS
SM
MD
LG