Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлисон метавонанд бо мунтахаби Тоҷикистон ба Минск бираванд


Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари мухлисонро барои тамошои бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба Минск роҳандозӣ мекунад.

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сафари мухлисони хоҳишманд барои тамошои бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо роҳандозӣ мешавад.

Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ, рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “Маблағи чиптаи ҳавопаймо бо хатсайри вижаи Душанбе-Минск-Душанбе 1200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба ҷуз ин, мухлисон ҳаққи ҷойи зист ва ғизоро пардохт мекунанд. Мухлисон ҳамроҳи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр ба Минск парвоз хоҳанд кард, бозгашт рӯзи 5-уми сентябр дар назар аст.”

Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон 4-уми сентябр дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Доварони ин бозии дӯстона аз Литва мебошанд. Сергей Сливаи 34-сола сардовар, Саулюс Дирда ва Владимир Герасимов доварони марзи майдон таъин шудаанд. Довари эҳтиётӣ Денис Шербакови беларус аст.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон барои аввалин бор бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА Беларус дар ҷойи 88-ум ва Тоҷикистон дар ҷойи 120-ум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG