Пайвандҳои дастрасӣ

«Динамо» Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро аз худ кард


Дастаи «Динамо»-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон- 2014 оид ба футзал гардид.

Мусобиқа барои ҶомиТоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати ҳашт даста - чор даста аз вилояти Суғд ва чор даста аз Душанбе - баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми кишвар дастаҳои шаҳри Душанбе - DISI, «Бонки миллӣ», «Газпром» ва «Динамо», инчунин тимҳои вилояти Суғд - «Эсхата», «Сипар», «Имон Интернешнл» ва «Ал-Маъруф» - роҳ ёфтанд.

Дастаҳои «Динамо» ва «Бонки миллӣ», ки бозиҳои марҳилаи ниҳоиро бомуваффақият анҷом доданд, ба финал баромаданд.

Дар бозии ниҳоӣ «Динамо», ки бар «Бонки миллӣ» пирӯз шуд, Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 3-3 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ «Динамо» бо ҳисоби 4-2 ғолиб омад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG