Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама мегӯяд, ниругоҳи Мавсилро курдҳо пас гирифтаанд


Барак Обама
Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, дубора ба контрол даровардани обанбори Мавсил дар шимоли Ироқ тавассути нируҳои курд “қадами муҳиме ба пеш” дар мубориза бо тундравҳои Давлати Исломии Ироқ ва Шом мебошад.

Вай зимни сухунони худ дар Кохи Сафед 18 август гуфт, Амрико масъулияти тулониро барои шикаст додани тундравҳои исломӣ дар Ироқ бар дӯш гирифтааст. Обама гуфт, “як гурӯҳи ваҳшӣ” мисли тундравҳои исломӣ на танҳо ба ҳамаи ироқиҳо, балки ба Амрико низ “ҳатман” таҳдид мекунад.

Пештар тундравҳои исломӣ эътироф накарданд, ки ниругоҳи барқи обиро аз даст додаанд. Онҳо хабари пахшшударо “навъе таблиғоти ҷангӣ” номиданд.

Пешрафтҳои тундравҳои исломии Давлати Исломии Ироқ ва Шом дар шимоли Ироқ сабаб шуд, ки Амрико баъд аз соли 2011 бори аввал ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG