Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе соли гузашти Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе соли гузашти Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Рӯзи 20-уми август дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2014 баргузор мешавад.

Дар қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки рӯзи чоршанбе дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, доир хоҳад шуд, 10 бошгоҳи лигаи олӣ ва 5 дастаи лигаи аввал иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин марҳила ҳамаи дастаҳои лигаи олӣ – «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Энергетик» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб) ва ССКА «Помир» (Душанбе), инчунин, панҷ дастаи лигаи аввал – «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳосилот» (Фархор), «Эсхата» (Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ашт) ва «Исфара» (Исфара», ки аз даври интихобӣ гузаштаанд, ширкат меварзанд.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 23-юм барпо мегардад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Инчунин себорӣ дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5
2013 – “Истиқлол» (Душанбе) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 2:0

XS
SM
MD
LG