Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА боло рафт


Тими миллии футболи Тоҷикистон
Тими миллии футболи Тоҷикистон

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА чаҳор зина боло рафт ва ҳоло дар мақоми 120-уми қарор дорад.

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки имрӯз, 14-уми август, нашр шудааст, бо 252 имтиёз чор зина боло рафт ва дар мақоми 120-ум қарор дорад.

Мунтахаби Олмон баъди пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил, дар феҳристи нави ФИФА дар байни 209 тими миллӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина, барандаи ҷоизаи нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, дар ҷойи дувум ва тими Ҳолланд, барандаи ҷоизаи биринҷии Ҷоми ҷаҳон-2014, дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Колумбия, Белгия, Уругвай, Испания, Бразил, Швейтсария ва Фаронса ҷойгир шудаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё мисли пешин дар ҷойи 17-ум қарор дорад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешқадам аст. Мунтахаби Эрон дар ҷойи дувум ва тими миллии Узбакистон дар ҷойи севум мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон боло ҷойгир шудааст.


Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

XS
SM
MD
LG