Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон бозиро ба Қазоқистон бохт


Дастаи футболи Тоҷикистон пеш аз бохт
тими Малайзияро бурд.
Дастаи футболи Тоҷикистон пеш аз бохт тими Малайзияро бурд.

Мунтахаби футболи Тоҷикистон шоми имрӯз, 12-уми август, дар Алмаато дар бозии дӯстона аз тими миллии Қазоқистон бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд.

Бозии дӯстона байни тимҳои миллии футболи Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки шоми сешанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон – футболбозони қазоқ - бо ҳисоби 2-1 хотима ёфт. Голҳо: Бойирҷон Исломхон, 37 (1-0), Фарҳод Тоҳиров, 57, (1-1), Конисбоев, 63 (2-1). Мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими Қазоқистон ба Алмаато бо чунин ҳайат рафта буд:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванкулов (ҳама аз «Истиқлол»).

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарифов (ҳама аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»).

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Комил Саидов (ҳарду аз «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Ҳакамони ин бозии дӯстона аз Қирғизистон буданд. Ба сардовар Дмитрий Машенсев ёваронаш Сергей Гришенко ва Баҳодур Қӯчқоров кӯмак карданд. Довари эҳтиётӣ Рисбек Шакарбеков буд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби миллии Қазоқистону Тоҷикистон ҳамагӣ чор бор бо ҳам рақобат кардаанд. Дар се бозӣ футболбозони қазоқ пирӯз шудаанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст. Бозии навбатии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр дар шаҳри Минск бо тими миллии Беларус баргузор мешавад.

Қазоқистон — Тоҷикистон - 2:1 (1:0)
Гол
ҳо: Исломхон 36 (1:0), Фарҳод Тоҳиров, 57 (1:1), Конисбоев 63 (2:1)
Огоҳонида шуданд: Дарабоев, 80 — Восиев, 65
Қазоқистон: Мокин, Малий, Абдулин (Дарабоев 46, Байтана 90), Дмитренко, Исломхон (Нургалиев 65), Ҷолчиев (Конисбоев 46), Мирошниченко, Нусербоев (Шеткин 57), Богданов, Логвиненко, Суюмбоев (Шомко 46)
Тоҷикистон: Тӯйчиев, Раҷабов (Назаров 40), Эргашев, Рабимов, Давронов, Маҳмудов (Ҳамроқулов 36), Восиев, Тоҳиров (Саидов 90), Фатҳуллоев, Ҷалилов, Асроров
Доварон: Дмитрий Машенсев, Сергей Грищенко, Баҳодур Кӯчқоров (ҳама аз Қирғизистон)
12-уми август. Алмаато. Варзишгоҳи марказӣ.

XS
SM
MD
LG